Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ноболиғи 16-солаи сокини шаҳри Душанбе бо гумони содир намудани ҷинояти авбошӣ дастгир карда шуд.
Гумонбаршаванда ҳангоми дар таваққуфгоҳи бинои №75А, воқеъ дар хиёбони Рӯдакӣ қарор доштанаш, бо ноболиғи 17-солаи сокини пойтахт ва дигар нафароне, ки шахсияташон ба тафтишот маълум нест муноқиша намуда, тартиботи ҷамъиятиро дағалона вайрон намудаанд.
Дар рафти муноқиша гумонбаршаванда бо худаш як адад арматури оҳанин дошта дар қисмати болои сари ноболиғи 17-сола як маротиба зарба зада, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳати ҷисмонӣ бардоштааст.
Инчунин ҳангоми гузаронидани ҳаракатҳои тафтишотӣ бо парвандаи ҷиноятӣ марди 36-солаи сокини шаҳри Душанбе бо гумони содир намудани ҷинояти авбошӣ дастгир карда шуд.
Гумонбаршаванда 24-уми сентябри соли 2025, тахминан дар кӯчаи Р.Набиеви пойтахт аз ҳиссиёти авбошӣ бе ягон асос бо марди 39-солаи сокини пойтахт ҷангу ҷанҷол намуда, бо асбоби муруваттоб як маротиба ба дасти ҷабрдида зарба задааст.
Мувофиқи хулосаи тибби-судӣ ҷабрдида ҷароҳати ҷисмонӣ бардоштааст.
Оид ба ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь