Бо гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ, аз ҷониби кормандони Шуъбаи кофтукови ҷиноятии Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе, ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷиноятҳои қаллобӣ Давлатов Шоҳин, сокини 34-солаи ноҳияи Ванҷ, дастгир карда шуд.
Зимни санҷиш муайян гардид, ки номбурда эълонҳои бардурӯғ оид ба иҷора додани манзилҳои истиқоматиро дар шабакаи иҷтимоии «Сомон-ТҶ» нашр намуда, аз шаҳрвандон пешпардохт гирифта, онҳоро фиреб мекардааст.
Айни замон беш аз 10 далели қаллобии номбурда муайян гардида, зарари ба ҷабрдидагон расонидашуда зиёда аз 20 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Вобаста ба ҳолати мазкур нисбати номбурда бо моддаи 247 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишоти пешакӣ идома дорад.
Шаҳрвандоне, ки аз кирдорҳои ҷиноятии Давлатов Ш. ҷабр дидаанд, метавонанд тавассути рақами (+992) 018 02 02 02 ба милитсияи пойтахт муроҷиат намоянд.



