Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавони 21-солаи сокини шаҳри Душанбе бо гумони содир намудани ҷинояти авбошӣ дастгир карда шуд.
Гумонбаршаванда якуми октябри соли 2025 дар кӯчаи Борбади ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе аз ҳиссиёти авбошӣ тартиботи ҷамъиятиро вайрон намуда, ба ҷавони бистучорсолаи сокини пойтахт дарафтода, бо корд як маротиба ба дасти чапаш зарба задааст.
Дар натиҷа, ҷабрида ҷароҳати ҷисмонӣ бардоштааст.
Оид ба ин ҳодиса тафтишот идома дорад.
Дар ин бора сайти ВКД ҶТ хабар додааст.
Блоки рекламавӣ



