Дар ин бора, хадамоти матбуотии Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар додааст.
Ин масъала миёни роҳбари Агентии авиатсияи гражданӣ Назарзода Ҳабибулло ва сафири навтаъини Чин дар кишвар Го Ҷитзюн баррасӣ гардида буд.
“Дар вохӯрӣ ҷонибҳо кушодани парвозҳои мустақим дар самти Душанбе – Сиан ва Душанбе – Гуанджоу инчунин, мукаммал намудани парвозҳоро дар самтҳои Душанбе – Урумчӣ ва Душанбе – Пекин баррасӣ намуданд”, – омадааст дар хабарнома. Ҳамчунин дар ин дидор, масъалаи тақвияти ҳамкориҳоро дар рушди соҳаи авиатсияи гражданӣ мавриди гуфтугӯ қарор гирифт.
Ҷиҳати такмил додани дараҷаи касбии мутахассисони соҳаи авиатсияи гражданӣ, баргузории курсҳои омӯзишӣ дар мавзӯи бехатарии парвозҳо ва бехатарии авиатсионӣ табодули таҷриба мавзӯи дигари сӯҳбат буд.
Сиёсати “Осмони боз” дар фурудгоҳҳои Душанбе, Хуҷанд, Бохтар ва Кӯлоб ҷорӣ шуда, маҳдудиятҳоро дар басомади парвозҳо, шумораи ҷойҳо ва нархи чиптаҳоро барҳам медиҳад.
Дар ҳоли ҳозир, маҳдудиятҳои муваққатӣ барои 18 самт то се сол боқӣ мондаанд – пас аз он онҳо низ аз рӯи қоидаҳои нав фаъолият хоҳанд кард.
Қаблан коршиносони байнулмилалӣ борҳо таъкид кардаанд, ки усули паритет яке аз сабабҳои аслии набуди рақобат ва дар натиҷа гаронии нархи парвозҳо дар Тоҷикистон ва ҳамчунин монеаи аслии рушди гардишгарӣ дар кишвар будааст.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь