Маркази барқу гармидиҳии № 2-и шаҳри Душанбе ба кор шурӯъ кард. Маркази барқу гармидиҳии № 1-и пойтахт бо оби гарми қубурӣ таъмин шуда, дар назар аст, ки дар даҳаи дуюми моҳи октябр ба кор сар кунад. Дар ин бора аз маркази матбуоти Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Барқи тоҷик» хабар доданд.
Маркази барқу гармидиҳии № 2-и шаҳри Душанбе ба кор оғоз карда, қисмати марказӣ ва шимолии пойтахт аллакай бо оби гарм таъминанд. Ҳамзамон шоҳқубурҳои марказҳои барқу гармидиҳии шаҳри Душанбе бо об пур ва барои таъмин намудани чор ноҳияи шаҳри Душанбе пурра омодаи кор ҳастанд ва дар мӯҳлати муайяншуда марҳила ба марҳила ба кор шуруъ мекунанд.
Маркази барқу гармидиҳии № 1 ва дегхонаҳои ғарбию шарқӣ ҳоло пурра омодаи коранд. Корҳои таъмирӣ дар таҷҳизоти асосии ёрирасон аллакай ба анҷом расидаанд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь