Бар асари таркиши балони газ дар Душанбе ду нафар осеб дидаанд. Ҳодиса нимарӯзи 21-уми октябр дар кӯчаи Чортут 1 рӯй дод.
Бино ба иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон, балони 45-литраи газ дар ҳавлии як сокини 71-солаи шаҳр таркид. Ду ҷавони 23 ва 24-сола, ки дар пайи ин ҳодиса ҷароҳат бардоштанд, дар беморхона бистарӣ шудаанд.
Дар бораи сабаби сар задани ҳодиса чизе гуфта нашудааст. Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҳодисаро таҳқиқ доранд.
Блоки рекламавӣ



