Афроди қаллобу мардумфиреб бо истифода аз эътимоду боварӣ маблағҳои пулӣ ва дигар молу ашёи арзишманди шаҳрвандонро тасарруф намуда, ба манфиати худ сарф мекунанд.

Чунин як далели қаллобӣ, дар асоси муроҷиати ҷабрдида аз ҷониби кормандони ШВКД-1 дар ноҳияи Шоҳмансур ошкор карда шуд.

Ҳамидов Маҳмадалӣ, сокини 22-солаи шаҳри Душанбе, ҳангоми дар шаҳри Дубай қарор доштан, аз шаҳрванд Сафаров И., 30-адад телефони “Айфон”-ро гирифта, ваъда додааст, ки ба шаҳри Душанбе интиқол дода, ба ӯ медиҳад. Аммо, номбурда телефонҳои мобилиро ба дигар шаҳрванд фурухта, ба ҷабрдида беш аз 129-ҳазор сомонӣ зарар расонидааст. Нисбати Ҳамидов М., бо моддаи 247 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

Аз шаҳрвандон даъват карда мешавад, агар мавриди фиреби номбурда қарор гирифтаанд, тавассути рақамҳои (+992) 018020202 ба милитсияи пойтахт муроҷиат намоянд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь