Сергей Миронов, вакили Думаи давлатии Руссия боз мавзӯи ҷорӣ кардани виза барои кишварҳои Осиёи Марказиро бардошт.
Вай дар барномаи телевизиони “Руссия” боз ба ин мавзӯъ таъкид намуда, пешниҳод кард, ки ин мавзӯъ бояд ба таври ҷиддӣ баррасӣ гардад.
Ба фикри сиёсатмадори рус, сокинони маҳаллӣ дар бархе аз минтақаҳои Руссия маҷбур шудаанд аз хонаву зодгоҳи худ кӯч банданд, чун муҳоҷироне, ки аз Осиёи Миёна омадаанд, он ҷо қонунҳои худро ҷорӣ намудаанд.
Ба пешниҳои ин вакил, муҳоҷирон бояд ба Русия фақат бо виза ё раводид роҳ дода шаванд. Вай пештар пешниҳод карда буд, ки кишвар аз низомӣ патентӣ барои муҳоҷирон даст кашида, бо анҷоми кор, онҳо бояд ба ватанашон баргарданд.
Ин бори аввал нест, ки сиёсатмадорони рус пешниҳод менамоянд, ки бо кишварҳои ин минтақа виза ҷорӣ шавад. Алексей Горовой, муовини вазири корҳои хориҷии Русия ҳам ин тасмимро дастгирӣ карда буд.
Руссия бо Тоҷикистон ва давлатҳои дигари минтақа низоми бераводид дорад. Иддае аз коршиносон ба ин назар ҳастанд, Русия ба нерӯи корӣ эҳтиёҷ дорад ва ин тасмим метавонад вазъро аз пештара бад намояд.

Душаҳрвандӣ барҳам мехӯрад?
Блоки рекламавӣ


