Дар моҳи январи соли 2015, пас аз ҳамла ба маҷаллаи «Charlie Hebdo» дар Париж, роҳбарони даҳҳо кишварҳои ҷаҳон даст ба даст, дар як саф ба кӯча баромаданд. Онҳо худро рамзи ваҳдат, ҳимоят аз озодии баён ва посдории ҷони рӯзноманигорон нишон доданд. Расонаҳо ин лаҳзаро сабт мекарданд. Ҷомеаҳо гиря карданд, шиорҳо баланд шуд: «Je suis Charlie» — «Ман Charlie ҳастам».

Аҷиб ҳам ин, ки дар ин ” марш” роҳбари Фаластин бо роҳбари Исроил дар як саф буданд ва чанд ” алоҳазратҳо” – и дигар низ аз Туркия ва кишварҳои араби. Ҳарчанд будани худро ба шакли дигар шарҳ доданд, аммо… Аммо имрӯз, дар Ғазза, даҳҳо рӯзноманигор бо навиштаи «PRESS» (Матбуот) кушта мешаванд. На як маротиба, на даҳ, балки садҳо маротиба. Баъзе бо тамоми оилаашон. Дар хона, дар кӯча, дар утоқи кор. Номи онҳо аксар вақт ба хабари кӯтоҳи чандсониягӣ табдил мешавад. Шояд ҳатто аксашон ба шабакаҳои бузург нарасад. Ҷаҳон хомӯш аст. Чаро? Оё озодии баён арзиш дорад, танҳо вақте ки сухан дар бораи журналисти аврупоӣ меравад? Оё ҷони рӯзноманигор танҳо он гоҳ муқаддас аст, ки аз пойтахтҳои кишвари Ғарб бошад? Оё навиштаи «PRESS» дар Порис сипар, вале дар Ғазза нишонаи ҳадаф аст? Ин духурагии ҷаҳон аст: Дар Аврупо як журналист меафтад, ҳоло кушта не, роҳбарони кишварҳо саф мекашанд, ашк мерезанд, шиор мебардоранд. Дар Ғазза садҳо рӯзноманигор афтодану ҷароҳат бардоштан яксу кушта мешаванд, ҷасадҳояшон аз зери вайронаҳо мебарояд, аммо роҳбарон тақрибан чизе намегӯянд. Ин на танҳо хиёнат ба меъёрҳои ахлоқист, балки хатти сурхе аст, ки нишон медиҳад барои бархе кишварҳо арзиши инсон ва озодӣ вобаста ба ҷуғрофия ва миллат муайян мешавад. Дунёи духӯра, вақте ки ҳақиқатро бо ранги парчам месанҷанд. Дунёи духӯра, вақте ки озодӣ танҳо барои дӯстони худ аст. Дунёи духӯра, вақте ки як ҷони аврупоӣ ҳазорон гиря меорад, вале садҳо ҷони фаластинӣ танҳо рақам. Шояд рӯзе ҷаҳон бифаҳмад: Ҳақиқат рӯ занад. Аз дигар рӯзноманигорон ва дар умум инсон ҳифз кунад. Ва шояд он рӯз барои журналисти Ғазза ҳам касе шиор бардорад: «Ман рӯзноманигори Фаластин ҳастам. Ман Ҳақиқат ҳастам.»

Исфандиёр Носиров

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь