Муштзанҳои тоҷик дар мусобиқаи XIII қаҳрамонии бокси ҷаҳон байни мардон, ки аз 2-юм то 13-уми декабр дар шаҳри Дубайи Имороти Муттаҳидаи Арабӣ баргузор мешавад, ширкат меварзанд.
Дар рақобатҳо дар 13 вазн, ки аз ҷониби Шӯрои мудирони IBA (Ассотсиатсияи байналмилалии бокс) моҳи июли соли 2021 тасдиқ шудааст, муштзанҳои беш аз 120 кишвар иштирок хоҳанд кард.
Тоҷикистонро дар ин мусобиқа 13 нафар муштзанҳо – Меҳрон Шафиев (48 кг), Меҳроҷ Суфиҷонов (51 кг), Анӯшервон Фозилов (54 кг), Хусравхон Раҳимов (57 кг), Акмал Убайдов (60 кг), Руслан Ғафуров (63,5 кг), Шамшер Саидов (67 кг), Довуд Маҳкамов (71 кг), Шаҳобҷон Шукуров (75 кг), Некрӯз Салимов (80 кг), Парвиз Каримов (86 кг), Наврӯз Ҷафоев (92 кг) ва Муҳаммад Аброриддинов (+92 кг) – муаррифӣ мекунанд.
Маблағи умумии ҷоизаҳои молии мусобиқот 8,32 миллион доллари ИМА-ро ташкил медиҳад. Ғолибон дар ҳар як вазн 300 ҳазор доллар, соҳибони ҷойи дуюм 150 ҳазор доллар, ҷойи сеюм — 75 ҳазор доллар, ҷойи 5-ум 10 ҳазор доллар мегиранд. Аз ин маблағ 50% ба муштзанҳо, 25% ба мураббӣ ва 25% ба федератсияҳои миллӣ супурда мешавад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь