Ҳизби дар Тоҷикистон мамнуи наҳзати исломӣ берун шудани ду узви баландпояшро тасдиқ кард ва гуфт, дар пайи ислоҳоти фарогири ин созмон аст.
Охири моҳи декабр Маҳмудҷон Файзраҳмонов ва Бобоҷон Қаюмов, ду узви Раёсати олии ҲНИТ(мамнуъ дар Тоҷикистон) эълон карданд, ки аз “исломи сиёсӣ канорагирӣ” мекунанд ва дигар ҳеч робитае бо Ҳизби наҳзат надоранд. Файзраҳмонов ва Қаюмов ҳамчунин гуфтанд, “исломи сиёсӣ дар ниҳоят ба бунбаст мерасад”.
Маҳмудҷон Файзраҳмонов ва Бобоҷон Қаюмов ба Радиои Озодӣ гуфтаанд, “дар даҳаи навадуми асри гузашта, замоне ки ҳанӯз дар синни наврасӣ қарор” доштанд, узи ҲНИТ шуданд ва сабаби тасмими ахири “душвор ва сарнавиштсоз”-и онҳо ” ба қаноат ва ҷамъбасти фикриашон дар бораи худи исломи сиёсӣ бозмегардад.”
Блоки рекламавӣ



