Соли 2026 дар Тоҷикистон ду нерӯгоҳи барқи офтобӣ сохта мешавад. Дар ин бора Кумитаи давлатии сармоягузорӣ хабар дода гуфтааст, созишнома бо ширкати “Аён Энерҷӣ” 13-уми январ дар Душанбе имзо гардид.
Ба қавли манбаъ, иқтидори ду нерӯгоҳи барқии офтобӣ 500 мегават хоҳад буд ва марҳилаи наве дар рушди энергияи сабз аст. Дар назар аст, ки нерӯгоҳҳои барқӣ офтобӣ дар ноҳияҳои Ашт ва Ҷайҳун сохта шавад.
Дар хабари расмӣ омадааст, “нерӯгоҳи барқӣ офтобӣ бори аввал дар таърихи Тоҷикистон бо чунин иқтидори бузург” сохта мешавад. Дар назар аст, ки барои сохтани лоиҳа 250 миллион доллар сарф шавад. Кумитаи сармоягузорӣ мегӯяд, ширкати “Аён Энерҷӣ” бояд ҳарду нерӯгоҳи барқии офтобиро соли 2026 ба истифода диҳад.
Блоки рекламавӣ



