Варзишгарони тоҷик дар мусобиқоти қаҳрамонии гуштии варзишии Осиё, ки рӯзҳои 6-12 апрел дар пойтахти Қирғизистон – шаҳри Бишкек – баргузор шуд, ду медали биринҷиро соҳиб шуданд.
Дар ин мусобиқа, ки дар риштаи гуштии варзишӣ (гуштии юнону румӣ, гуштии озод ва гуштии занона) доир гардид, ба ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон 13 варзишгар (12 мард ва 1 зан) дохил буданд.
Ду медалро намояндагони Тоҷикистон дар риштаи гуштии озод байни мардон гирифтанд.
Аз байни онҳо Абдулмаҷид Кудиев ва Мустафо Аҳмадов барандагони медали биринҷӣ шуданд. Кудиев дар вазни то 65 кило дар қувваозмоӣ барои ҷойи сеюм намояндаи Қирғизистон Рустамҷон Қаҳоровро бо ҳисоби 10:7 мағлуб кард.
Гуштигири дигари тоҷик Мустафо Аҳмадов дар вазни то 74 кило дар мубориза барои медали биринҷӣ ба намояндаи Узбекистон Бегиҷон Қулдошев бо ҳисоби 7:6 пирӯз омад.

Ду медали биринҷӣ аз Бишкек
Блоки рекламавӣ


