Паҳлавонони тоҷик дар мусобиқаи байналмилалии ҷудо «Abu Dhabi Grand Slam 2025», ки аз 28 то 30 ноябри соли 2025 дар шаҳри Абузабии Амороти Муттаҳидаи Араб баргузор гардид, ду медал (як нуқра ва як биринҷӣ) ба даст оварданд.
Ба ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон ҳашт варзишгар дохил буд, ки дар чаҳор вазн байни мардон рақобат карданд.
Аз байни паҳлавонҳои тоҷик Муҳиддин Асадуллоев дар вазни то 73 кг ва Суннатулло Мусоев дар вазни то 81 кг соҳиби медал гардиданд.
Муҳиддин Асадуллоев дар вазни то 73 кг, ки ба рақобат аз даври дуюм шуруъ кард, бар Гаоҳуи Лин аз Чин дастболо шуд. Муҳиддин дар 1/8-финал ғолиби Бозиҳои олимпии Париж-2024 ва қаҳрамони дукаратаи ҷаҳон Ҳидоят Ҳайдарови 28-солаи озарбойҷониро шикаст дод. Қаҳрамони ҷаҳон байни ҷавонон Муҳиддин Асадуллоев дар чорякфинал бар Иоан Дзитак аз Руминия ғолиб омад. Баъдан ӯ дар даври нимниҳоӣ Даниел Гаргнини бразилиро мағлуб карда, ба финал роҳ ёфт. Аммо Муҳиддин дар даври ниҳоӣ аз Нилс Стампи пуртаҷрибаю номдори 28-сола аз Швейтсария ноком шуда, барандаи медали нуқра гардид. Ин дуюмин медали Муҳиддин Асадуллоев аз мусобиқаи Grand Slam-и ҷудо аст. Вай имсол дар Dushanbe Grand Slam 2025 медали тилло гирифта буд.
Суннатулло Мусоеви 21-сола дар вазни то 81 кг медали биринҷӣ гирифт. Вай низ ба рақобат аз даври дуюм пардохт. Баъди пирӯзӣ бар Бенедек Тот аз Маҷористон ба 1/8-финал баромад. Суннатулло Мусоев баъдан бар Гаҷимурод Умаров ва Нугзари Таталашвили, ҳарду аз Амороти Муттаҳидаи Араб ғалаба карда, ба нимфинал роҳ пайдо намуд. Аммо паҳлавони ҷавони тоҷик дар даври нимниҳоӣ аз Абдулкарим Тасуеви русиягӣ мағлуб шуд. Сипас Суннатулло барои медали биринҷӣ Гаҷидовуд Гасановро аз Баҳрайн шикаст дод. Ин аввалин медали Суннатулло Мусоев дар «Grand Slam» ба шумор меравад.

Ду медал аз «Abu Dhabi Grand Slam»
Блоки рекламавӣ


