Додситонии шаҳри Душанбе ба зидди ду корманди милисаи Шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Сино-2 бо иттиҳоми “шиканҷа” ва “берун баромадан аз ҳади ваколатҳои хидматӣ” парвандаи ҷиноӣ боз кардааст.
Онҳо ба шиканҷаи Мақсудҷон Саидов, сокини 36-солаи шаҳри Кӯлоб гумонбар мешаванд, ки пас аз чаҳор рӯзи боздошт ҷасадашро ба наздиконаш супурданд. Ин хабарро ду манбаъ дар мақомоти интизомӣ ва дӯстони Мақсудҷон Саидов тасдиқ карданд.
Кормандони милисаи ноҳияи Сино берун аз салоҳияти худ ва бе огоҳ кардани мақомоти маҳаллӣ Мақсудҷон Саидовро рӯзи 8-уми январ дар меҳмонхонаи “Чанор”-и Кӯлоб боздошт карда, ба Душанбе бурдаанд
Блоки рекламавӣ



