Ду корманди Раёсати бозрасии давлатии автомобилӣ (БДА) дар ноҳияи Варзоб зери тарма монда, ҷон бохтаанд. Ҳодиса якуми январ рух дод.
Фаррух Ҳасанзода ва Саидмурод Ғанизода барои ба танзим даровардани ҳаракати нақлиёт дар роҳи Душанбе-Чаноқ ба минтақаи Варзоб сафарбар шуда буданд ва дар вақти иҷрои вазифаҳои хизматӣ зери тарма монданд.
Як манбаъ дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон бо тасдиқи ин хабар гуфт, ҷасади ду афсарро аз зери тарма бароварда, ба наздикон доданд.
Дуюми январ маросими видоъ бо Фаррух Ҳасанзода дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе ва ҷанозаи Саидмурод Ғанизода дар зодгоҳаш ноҳияи Файзобод баргузор шуд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь