Дар шаҳри Душанбе ду китоби рӯзноманигор ва шоири хушноми тоҷик Ворис ба табъ расидааст.Китоби аввал “Ду ҷаҳон болу пари Симурғ аст” ном дошта зери назари рӯзноманигори муваффақ Шариф Атобуллоев, дар ҶДММ “Графика принт” нашр шудааст ва маҷмуи мақола ва сафарномаҳои муаллиф аст.
Маҷмуаи мазкур дар солҳои гуногун навишта шудаанд. Китоб аз се бахш иборат аст. Дар бахши аввал муаллиф мақолаҳои таҳқиқотии худро ҷой намуда, дар қисмати дуввум навиштаҳое манзури хонанда мегарданд, ки ба мавзуи худогоҳию худшиносии миллӣ бахшида шудаанд. Бахши сеюм сафарномаҳои муаллифро фаро гирифта, аз зиндагии бунёдкоронаи мардум дар гӯшаю канори Тоҷикистон қисса менамояд. Мақолаю сафарномаҳои ин маҷмуа дар рӯзномаю маҷаллаҳо дар солҳои гуногун нашр шудаанд.
Китоби дуюми Ворис “Арӯси ғӯли Девдара” ном дошта дар ҳамин нашрия ба табъ расидааст.
Қиссаи “Арӯси ғӯли Девдара” моҷарои зиндагии духтараки кӯҳистоние бо исми Суман аст, ки ғӯле ба ӯ ошиқ мешавад ва ӯро ба манзили худ мебарад.Дар ин қисса номеҳрубонии одамон дар баробари меҳрубонию вафодории ғӯл ба тасвир кашида шудааст. Ин ҳарду китоб, ки дар арафаи шастусесолагии муаллиф чоп шудаанд ва ҳадяи гаронбаҳое барои хонандагони ашъору қалами шоир ва рӯзноманигори соҳибном ҳастанд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь