Ба ШВКД дар ноҳияи И.Сомонӣ аризаи марди 35-солаи сокини ноҳияи мазкур ворид гардидааст, ки 1-уми декабри соли 2025, марди 37-солаи сокини ноҳияи Рӯдакӣ бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, хонаи истиқоматӣ дар ҳаҷми 116,6-метри мураббаъ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе воқеъбударо ба маблағи 100 ҳазор доллари амрикоӣ нархгузорӣ карда, 30 ҳазор доллари амрикоиро гирифта, ваъда додааст, ки баъд аз як рӯз ҳуҷҷатҳои хонаро ба номаш карда медиҳад, аммо то ҳол ӯро фиреб дода, гурехта гаштааст.
Дар натиҷа, ба ҷабрдида ба маблағи 30 ҳазор доллари амрикоӣ зарари махсусан калон расонидааст.
Инчунин ба ШВКД дар ноҳияи И.Сомонӣ аризаи марди 32-солаи сокини ноҳияи мазкур ворид гардидааст, ки моҳи июли соли 2025, марди 43-солаи сокини шаҳри Душанбе бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, манзили истиқоматиаш дар масоҳати 126,9-метри мураббаъ дар шаҳри Душанбе воқеъбударо ба маблағи 700 ҳазору 488 сомонӣ нархгузорӣ карда гирифта, аз ин маблағ 540 ҳазор 488 сомониашро пардохт намуда, боқимонда маблағи 160 ҳазор сомониро то ҳол барнагардонидааст.
Оид ба ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.

Ду ҳолати қаллобӣ дар Душанбе
Блоки рекламавӣ


