1-уми январи соли 2026 ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, Турдиев Фозил Худойназарович, соли таваллудаш 1987, сокини ноҳияи Кӯшониён, ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Бохтар ба самти ноҳияи Ҷ.Балхӣ, воқеъ дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Навободи ноҳияи Ҷ.Балхӣ аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба сабқат баромада ба автомашинаи тамғаи “Опел Астра”, таҳти идораи Юнусов Орифҷон Ғаниевич, соли таваллудаш 1974, сокини ноҳияи Ҷ.Балхӣ бархӯрдааст.
Дар натиҷа, мусофири автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, Ҳасратов Саъди Маҳмадович, соли таваллудаш 1988, сокини ноҳияи Ҷ.Балхӣ ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, ҳангоми ба беморхона дастрас намудан дар роҳ ба ҳалокат расидааст.
1-уми январи соли 2026 ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел-Астра», Валиев Боймурот Оқилович, соли таваллудаш 1973, сокини ноҳияи Ҷ.Расулов ҳангоми ҳаракат дар роҳи мошингарди «Душанбе-Хуҷанд-Чанок» дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Деҳмойи ноҳияи мазкур, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба автомашинаи тамғаи «КИА-Карнавал», таҳти идораи ронанда Бойназаров Маҳмуд Олимович, соли таваллудаш 1989, сокини шаҳри Гулистон бархӯрдааст.
Дар натиҷа, ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел-Астра» Валиев Б.О. ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
Оид ба ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь