Дар доираи омодагӣ ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2026 дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал дар шаҳри Ҷакарта ду бозии санҷишӣ анҷом дод.
Тавре аз Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар доданд, дар бозии якум футзалбозони Тоҷикистон аз дастаи мунтахаби Қирғизистон бо ҳисоби 2:4 мағлуб шуданд.
Дар бозии дуюми санҷишӣ дастаи яккачини Тоҷикистон бар дастаи Индонезия бо ҳисоби 3:1 пирӯз шуд.
Тими миллии Тоҷикистон бозии охирини санҷиширо дар доираи машқҳои дастҷамъӣ дар шаҳри Ҷакарта 20 январ бо дастаи мунтахаби Арабистони Саудӣ анҷом медиҳад.
Дар марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2026 оид ба футзал дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар гурӯҳи «С» бо дастаҳои миллии Ӯзбекистон (28 январ), Ҷопон (30 январ) ва Австралия (1 феврал) рақобат менамояд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь