23 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ду бинои нави таълимии Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлонро дар ноҳияи Данғара мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Бинои таълимии рақами 2 бо 45 синфхонаи таълимӣ барои 1200 донишҷӯ ва бинои таълимии рақами 3 бо 49 синфхонаи таълимӣ барои 1416 донишҷӯ пешбинӣ шудааст.
Дар биноҳои нави таълимӣ 9 синфхонаи озмоишӣ, 2 толори маърӯзавӣ, 1 маркази тестӣ бо фарогирии 2600 ҷойи нишаст ва 6 кафедра аз ҷумла “Биохимия ва биология” , “Фармакология ва микробиология”, “Тибби ҳарбӣ”, “Беҳдошт ва эпидемиология”, “Химияи тиббӣ ва экология” ва “Физиологияи нормалӣ ва патологӣ” бо шароити хуби таълимӣ ва дастгоҳу таҷҳизоти муосири тиббӣ омода карда шудаанд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь