Беш аз 2000 довталаби мансабҳои гуногун дар Тоҷикистон бо сабаби ба талабот ҷавобгӯ набудан ва ширкат накардан дар санҷиш ва диктант аз озмун нагузаштанд.
Мақомоти Оҷонсии хидмати Давлатӣ мегӯянд, дар соли 2025 барои соҳиб шудан ба мансабҳои холӣ беш аз 6 ҳазор хидматчии давлатӣ ҳуҷҷат супурданд ва аз ин теъдод 4102 нафар ба вазифаҳои гуногун интихоб ва ё таъйин шудаанд.
Нисфе аз ин мансабдорон ҷавонони то 35-сола будаанд. Раҳбарони ин ниҳод ҷузъиёти талабот ба мансабҳои холиро шарҳ надодаанд, танҳо таъкид намудаанд, ки озмунҳо дар доираи қонун шаффоф гузаштааст. Вале ба пурсиши хабарнигорон, ки чаро чунин озмунҳо тариқи расонаву шабакаҳои иҷтимоӣ нишон дода намешавад, посухи дақиқ дода нашуд.
Дар Тоҷикистон беш аз 18 ҳазор хидматчии давлатӣ фаъолият доранд.

Довталабони кор дар идораҳои давлатӣ аз имтиҳон нагузаштаанд
Блоки рекламавӣ


