Айни замон дар маркази маъмурии вилояти Хатлон – шаҳри Бохтар сохтмони бинои асосии Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав бо маром идома дорад.
Ректори донишгоҳи мазкур Давлатзода Сайфиддин зимни суҳбат ба хабарнигори “Фараж” гуфт, ки ин сохтмон аз се бино иборат мебошад, ки як биноаш 11 ошёна, ду бино 9 ошёна ва 2 бинои дигараш аз 7 ошёна июорат аст.
– Санги асоси донишгоҳро сарвазири кишвар соли 2017 гузошта буд, вале сохтмони он соли 2020 шуруъ шуд ва ҳоло дар корҳои сохтмонии он 30 нафар коргарони маҳаллӣ бо ҷойи кор ва маоши хуб таъмин мебошанд, – гуфт ректор.
Итилоъ дода шуд, ки дар Донишгоҳи Бохтар се бинои нав сохта ба истифода дода шудаанд, ки дар онҳо айни замон донишҷуёни 5 факултет ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд.
Сохтмони бинои аососӣ, ҳамчунин се бинои дигаре, ки сохта шуданд, аз ҳисоби мабалағҳои худи донишгоҳанд.



