Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав барои 460 донишҷӯ хобгоҳи 7-ошёнаи замонавӣ месозад.

– Маъмурияти донишгоҳи мазкур ҳоло дар маҳаллаи  Дӯстии халқҳои шаҳри Бохтар ба сохтмони хобгоҳ шуруъ кардааст, – гуфт котиби матбуотии донишгоҳи Бохтар Комрони Бахтиёр.

Ба иттилои ӯ корҳои сохтмонии иншооти мазкур аз ҷониби пудратчӣ ҶДММ “Шайх Ҳусейн” иҷро гардидааст.

Номбурда илова кард, ки ҳамчунин  маъмурияти донишгоҳ азм доранд, ки дар доираи ҷашни  35-солагии истиқлоли давлатии кишвар барои омӯзгорони донишгоҳ бинои нӯҳошёнаи истиқомати бисозанд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь