“Президенти ИМА Доналд Трамп Ҷорҷ Сорос ва писари ӯро таҳдид карда, ӯро “чапгарои радикал”номид. Дар шабакаи иҷтимоии Truth Social, раҳбари Амрико онҳоро дар “дастгирии эътирозҳои хушунатомез” айбдор кард” – хабар додааст The Isider:
“Мо дигар намегузорем, ки ин девонаҳо Амрикоро пора-пора кунанд ва ба он ҳатто имкони нафаскашӣ ва озод буданро надиҳанд. Сорос ва гурӯҳи девонаҳои ӯ ба кишвари мо зарари калон расониданд! Эҳтиет бошед, мо шуморо пайгирӣ мекунем!” – навиштааст Президент. Ду ҳафта пеш нашрияи The New York Post хабар дод, кичанд созмонҳои хайриявӣ, аз ҷумла фонди Сорос Open Society Foundations, ба ташкилкунандагони эътирозҳо алайҳи сиесати Трамп дар округи Колумбия тақрибан 20 миллион доллар кӯмак карда буданд.
Блоки рекламавӣ



