Шохаи “Хуросон”-и гурӯҳи тундрави “Давлати исломӣ” ва ё ДОИШ масъулияти таркиш дар як ресторани чиниҳо дар маркази Кобулро ба ӯҳда гирифт. Дар ин ҳамла камаш ҳафт нафар кушта ва беш аз даҳ каси дигар захмӣ шудаанд.
Холид Задрон, сухангӯи пулиси Толибон, гуфт, таркиш рӯзи 19-уми январ дар ошхонаи тарабхонае рух дод, ки шаҳрвандони Чин бештар ба онҷо мерафтанд. Мақомот шумори дақиқи захмиҳоро ҳоло эълон накарданд.
Задрон дар изҳороте гуфт: “Як мусулмони чинӣ ва шаш афғон кушта шуданд. Чанд нафари дигар захмӣ ҳастанд.”
Бемористони ёрии таъҷилӣ дар Кобул хабар дод, ки баъд аз таркиш тақрибан 20 нафарро ба инҷо оварданд. Ҳафт нафари онҳо пеш аз расидан, ё лаҳзае пас аз он ҷон доданд. Сенздаҳ тани дигар, аз ҷумла чаҳор зан ва як кӯдак, захмӣ шудаанд.
Гурӯҳи “Давлати исломӣ” ва ё ДОИШ бо нашри баёнияе гуфт, ки ҳадафи ҳамлаи маргталабона шаҳрвандони Чин будаанд. Ин ҳамла идомаи силсилаи амалиётҳо ба зидди чиниҳо дар Афғонистон ва марзҳои он дар моҳҳои охир мебошад.
ДОИШ* – ҳаракати мамнуъ дар Тоҷикистон

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь