Додгоҳи шаҳри Нурафшони вилояти Тошканд блогери 26-сола Валерий Дугайро барои таҳқири Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ва барангехтани низоъҳои байни миллатҳо ба се солу як моҳ аз озодӣ маҳрум намд. Дар ин бора сухангӯи Суди Олии Ӯзбекистон Азиз Обидов хабар додааст.

Тибқи маълумоти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, блогер дар Кореяи Ҷанубӣ дар соли 2024 дар шабакаи иҷтимоии Тик-Ток чанд видеои таҳқиромезро дар бораи шаҳрвандони Ӯзбекистон нашр кард. Дугай пас аз бозгашт аз Абу-Даби ба Самарқанд боздошт ва ба Тошканд оварда шуд.
Тиктокер бо қисми 2 – и моддаи 156 (Барангехтани низои миллӣ, нажодӣ, этникӣ ё динӣ) ва қисми 3 – и моддаи 158 (таҳқири оммавии президент) гунаҳкор дониста шуд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь