Ин наврас модар, бародар ва ду хоҳарашро куштааст. Ба гуфтаи нашрияи The Independent, ин ҷиноят дар натиҷаи хароб шудани асаб наврас, ки вобастаи бозии онлайнии PUBG будааст, содир шуд.
Ҳукм 24 сентябр аз ҷониби додгоҳи шаҳри Лоҳур эълон шуд. Додрас Риёз Аҳмад ба Алӣ барои ҳар кушта 25 сол маҳрумият аз озодӣ ҷазо таъин кард. Ба ҷои ҳукми қатл, бо дарназардошти синни ҷавонаш дар вақти содир кардани ҷиноят Алӣ маҳкум ба ҳабси тӯлонӣ гардид.
Додрас гуфтааст, маҳкумшуда тамоми оилаашро зери таъсири бозии онлайн бераҳмона кушт. Бо назардошти синнаш, ба ӯ чор ҳукми абад таъин карда шуд, на ҳукми қатл.
Замони рӯй додани фоҷеа Зайн Алӣ ҳамагӣ 14 сол дошт. Ӯ бо оилааш дар маҳаллаи серодами Кахна, дар шаҳри Лоҳур зиндагӣ мекард ва ҳамчун «бозингари PUBG» маъруф буд. Наврас аксари вақтро дар ҳуҷраи худ мегузаронд ва модараш чандин маротиба ӯро барои вобастагӣ ба бозӣ сарзаниш карда будааст.
Пулис хабар додааст, ки вақте Алӣ вазифаҳои бозиро иҷро карда наметавонист, рафтори хашмгинаш бештар мешуд. Дар рӯзи куштор, пас аз он ки ӯ натавонистааст як вазифаи бозиро иҷро кунад, худро дигар идора карда натавонистааст.
Ӯ таппончаи модарашро гирифта, ба утоқе ворид шуд, ки модараш бо ду хоҳари хурдсолаш хоб буданд, ва сӯйи онҳо тир кушод. Модараш Наҳид Муборак (45-сола), бародари калонаш Темур (20-сола) ва хоҳаронаш Маҳнур (15-сола) ва Ҷаннат (10-сола) дар ҷои ҳодиса ҳалок шуданд.
Дар қарори худ додрас таъкид кард, ки ҷинояти Али маҳз аз вобастагии ӯ ба бозӣ сарчашма гирифтааст.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь