Судяи суди ноҳияи Басмани Маскав Борис Сафарин мухолифи Тоҷикистон Шарофиддин Гадоевро дар ғайбаш бо моддаи “дар бораи фейкҳои ҳарбӣ” (банди б ва д қисми 2, моддаи 207.3 – КҶ- Федератсияи Русия) ба 8,5 соли ҳабс маҳкум кард. Дар ин бора хабарнигори “Медиазона” аз додгоҳ хабар додааст. Прокурор хоҳиш кардааст, ки Гадоевро маҳз ба чунин мӯҳлат маҳкум кунанд.
Парвандаи зидди Гадоев бо сабаби пахши ролики 20-дақиқагӣ бо забони тоҷикӣ дар Шабакаи youtube – и ISLOH TV( мамнуъ дар Тоҷикистон), ки соли 2022 бароварда шуд, оғоз карда шуда буд. Дар он навор Гадоев нақл мекунад, ки низомиёни Русия чӣ гуна украииниҳои осоиштаро мекушанд. Шоҳидони айбдоркунӣ дар мурофиаи ғайринавбатӣ ду нафар аз Тоҷикистон буданд, ки гуфтанд, ба назари онҳо Гадоев дар муҳити тоҷикӣ ба таблиғоти зиддирусӣ машғул аст:
“Онҳо хуб медонанд, ки то он даме, ки Русия қавӣ аст, ҳеҷ коре карда наметавонанд”, — гуфтааст Хайриддин Достаков дар додгоҳ, ки худро омӯзгори динӣ номидааст. Худи Гадоев дар Нидерландия паноҳандагии сиесӣ гирифтаю ташкилоти ӯ “Алянси миллӣ” дар Тоҷикистон, тибқи қонун манъ аст. Дар якҷоягӣ бо ӯ дар Русия Муҳаммадиқбол Садридиновро, ки дар Шабакаи ISLOH TV низ баромад мекунад, бо иттиҳоми шабеҳ дар ғайбаш ҳабс кардаанд.