Дар соли хониши 2025 аз Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон бо омилҳои гуногун 76 донишҷӯ хориҷ карда шуданд. Дар ин бора ректори донишкадаи мазкур Диловаршоҳ Исозода зимини нишасти хабарӣ иттилоъ дод.

Ӯ гуфт, аслан донишҷӯён барои иштирок накардан дар дарсҳо, бо хоҳиши худ, иштирок накардан дар имтиҳонҳои давлатӣ ва дигар омилҳо хориҷ шуданд.

Дар идома ӯ қайд кард, ки имсол Донишкадаи энергетикии Тоҷикистонро 375 нафар хатм карданд, ки 16 нафарашон соҳиби дипломи аъло шуданд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь