Чор моҳ пеш осорхона ба маблағи 88 миллион евро ғорат шуда буд
“Директори Лувр Лоранс Де Кар дар бораи истеъфо ариза дод”, – хабар дод хадамоти матбуоти Қасри Елисей рӯзи 24 феврал. Президенти Фаронса Эммануэл Макрон истеъфои ӯро қабул кард ва онро “амали масъулият” номид. Кӣ директори нав мешавад, хабар дода намешавад.
Дар шарҳи қарори худ дар бораи истеъфо, Лоранс Де Кар ба нашрияи Le Figaro изҳор доштааст, ки дар ин вазифа ба вай “ба бартараф кардани монеаҳо дар роҳи табдил ва навсозии осорхона имкон намедиҳанд”.
Дар бораи фаъолияти кории худ дар Лувр сухан ронда, Де Кар гуфт, ки “дар давоми чор соли директориаш ба осорхона ҳаракат ба сӯи рушдро баргардонид. “Ман метавонистам хато кунам, аммо ман боварӣ дорам, ки Луврро ба ҳаракат баргардонидам” – гуфт ӯ.
Лоранс Де Кар аз моҳи сентябри соли 2021 директори Лувр буд.

Директори осорхонаи Лувр истеъфо дод
Блоки рекламавӣ


