Вазорати фарҳанги ҷумҳурии Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявии “Рӯзнома ва маҷаллаи беҳтарин дар соли 2025” – ро эълон кардааст.
Довталабоне, ки мехоҳанд дар озмун иштирок намоянд, бояд якчанд нусхаи асл (аз чанд шумора) аз рӯзнома ё маҷаллаи дар давоми солҳои 2024-2025 нашрнамудаашон бо пешниҳоди ариза ба Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дастрас намоянд. Нашрияҳое ба озмун роҳ меёбанд, ки дар матбааҳои дохили ҷумҳурӣ ба чоп расида бошанд. Вале нашрияҳое, ки теъдоди чопашон аз 100 нусха камтар аст, қабул карда намешаванд. Озмун аз 01.08.2025 то 10.12.2025 баргузор карда мешавад. Ғолибони озмун аз рӯи 3 номинатсия соҳиби мукофоти пулӣ мегарданд:
Нашрияи ҷумҳуриявӣ:
Ҷойи I – 3000 сомонӣ
Ҷойи II – 2000 сомонӣ
Ҷойи III – 1000 сомонӣ
Нашрияи вилоятӣ, ноҳиявию шаҳрӣ:
Ҷойи I – 3000 сомонӣ
Ҷойи II – 2000 сомонӣ
Ҷойи III – 1000 сомонӣ
Нашрияи соҳавӣ:
Ҷойи I – 3000 сомонӣ
Ҷойи II – 2000 сомонӣ
Ҷойи III – 1000 сомонӣ
Муҳлати ниҳоӣ: 01.12.2025 с.
Суроға барои пешниҳод: : ш. Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 34 (Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон)
Телефонҳои +992 918 64 17 72; 223-14-74; 221-40-65; 221-03-00



