Саъдӣ Шарифӣ, cафири Тоҷикистон дар Кобул бо Амирхон Муттақӣ, вазири умури хориҷии ҳукумати Толибон дидору гуфтугӯ намудааст.
Вазорати корҳои хориҷии ҳукумати Толибон рӯзи 12-уми феврал гуфтааст, дар ин дидор Амирхон Муттақӣ бар таҳкими равобити дуҷониба, аз ҷумла густариши муносибатҳои дипломатӣ ва рафтуомади ҳайатҳои ду кишвар таъкид кардааст.
Ба иттилои манбаъ, Муттақӣ дар ин мулоқот гуфтааст, “касе наметавонад ба равобити дӯстона миёни ду кишвар халал ворид кунад”.
Манбаъ аз қавли Саъдӣ Шарифӣ, cафири Тоҷикистон навиштааст, ки ӯ дар ин дидор дар бораи охирин таҳаввулот ва тавофуқоти қаблии миёни Кобул ва Душанбе гуфтааст, ки Тоҷикистон дар марзи муштараки ду кишвар барнома ва тарҳҳои муҳими иқтисодӣ дорад ва хоҳони густариши муносибатҳои иқтисодӣ ва ҳамкорӣ бо Афғонистон аст. Дар ин мулоқот ҳамчунин масъалаи тақвияти ҳамкориҳои марзиву амниятиро матраҳ гардидааст.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь