Имрӯз дар шаҳри Душанбе Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо Раиси Шурои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Русия муҳтарам Валентина Матвиенко, ки барои иштирок дар чорабиниҳои Ассамблеяи байнипарламентии давлатҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил бо сафари корӣ ба Тоҷикистон омадааст, мулоқот намуданд.
Дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои муҳими рушди минбаъдаи ҳамкории дуҷониба мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Таъкид гардид, ки муносибатҳои Тоҷикистону Русия дорои хусусияти шарикии стратегӣ ва ҳампаймонӣ буда, самти афзалиятноки сиёсати хориҷии ҳарду давлатро ташкил медиҳанд.
Изҳор гардид, ки муколамаи сиёсӣ байни ду давлат дар ҳама сатҳҳо мунтазам рушд меёбад.
Аз густариши устувори равобити байнипарламентӣ ва фаъолияти самарабахши Комиссия оид ба ҳамкории Маҷлиси миллӣ ва Шурои Федератсия изҳори қаноатмандӣ карда шуд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь