Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода директори генералии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди корхонаи муштараки “Зарафшон”-ро ба ҳузур пазируфт.
Зимни мулоқот ҷонибҳо доир ба сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти рушди соҳаи саноат, саҳми назарраси корхонаи муштараки “Зарафшон” дар ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти саноатии шаҳри Панҷакент ва татбиқи ҳадафҳои созанда табодули афкор намуданд.
Тибқи маълумоти оморӣ соли 2025 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар корхона ба 7 миллиарду 912,9 миллион сомонӣ расонида шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2024 ба андозаи 2 миллиарду 117,2 миллион сомонӣ зиёд мебошад. Таҳлили нишондиҳандаҳои фаъолияти корхона дар 11 соли охир собит менамояд, ки ҳамзамон бо афзоиши ҳаҷми истеҳсол шумораи кормандон ва сатҳи музди меҳнати онҳо низ мунтазам боло рафтааст.
Дар идомаи мулоқот Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода таъкид кард, ки бо мақсади боз ҳам тақвият бахшидани соҳаи саноат дар вилоят тадбирҳои мушаххас ва судманд амалӣ мегарданд. Чун солҳои гузашта, соли равон низ дар назди корхонаҳои азими саноатӣ уҳдадориҳо ҷиҳати зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот гузошта мешаванд. Дар ин замина, корхонаи муштараки “Зарафшон” уҳдадор гардид, ки соли 2026 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатиро ба 10 миллиард сомонӣ расонад.
Роҳбарияти корхона барои дастгириҳои пайвастаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори сипос намуда, таъкид кард, ки корхонаи муштараки “Зарафшон” уҳдадориҳои ба зиммагирифтаро барзиёд иҷро намуда, минбаъд низ дар рушди иҷтимоиву иқтисодӣ саҳми бештар хоҳад гузошт.

Дидори Аҳмадзода бо директори генералии ҶДММ “Зарафшон”
Блоки рекламавӣ


