Бо мақсади қадршиносии заҳмату хизматҳои шахсони собиқадор раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода дар шаҳри Бӯстон аз ҳоли собиқадорони меҳнат хабар гирифт.

Раиси вилоят ходими давлативу сиёсӣ, шахси барӯманди ҷумҳурӣ Оқил Оқиловро, ки хабар гирифта, дар суҳбати самимӣ таъкид намуд, ки номбурда солҳои тӯлонӣ дар вазифаҳои гуногун содиқона фаъолият намуда, саҳми арзанда дар рушди бахшҳои мухталифи хоҷагии халқ гузоштааст.

Хусусан, солҳои 1999 то 2013 ҳамчун Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Оқил Оқилов дар татбиқи ислоҳоти иқтисодӣ, рушди инфрасохтор ва таҳкими иқтидори иқтисодии кишвар нақши муҳиму муассир гузоштааст. Раиси вилоят изҳор дошт, ки таҷриба ва хизматҳои чунин шахсиятҳо барои наслҳои ҷавон намунаи ибрат мебошанд.

Ҳамчунин сокини 75-солаи шаҳри Бӯстон Валентина Дедюхина, ки солҳои зиёд дар соҳаҳои хизматрасонӣ ва алоқа фаъолият намудааст, мавриди аёдат қарор гирифт.

Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба собиқадорон туҳфаҳои моддиву пулӣ тақдим кард.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь