Бахшида ба Соли вусъат додани корҳои ободонию созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносию худогоҳии миллӣ (2026) дар деҳаи Муҷуни Ҷамоати деҳоти Муҷуни ноҳияи Деваштич майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд. Дар ин бора аз дафтари матбуоти раиси ноҳияи Деваштич иттилоъ додаанд.
Майдончаи варзишӣ дар назди Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 4-и деҳаи Муҷун бо саҳми аҳолӣ ба таври ҳашар сохта шуда, ҷавобгӯ ба талаботи замон аст.
Иншооти варзишӣ барои бозии футболи хурд пешбинӣ гардида, дарозии он 45 метр, бараш 22 метр буда, ба маблағи зиёда аз 650 ҳазор сомонӣ сохта шудааст.
Блоки рекламавӣ



