Як хонандаи синфи 11-и мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ дар ноҳияи Деваштич қабл аз имтиҳоноти хатми муассиса, ихтиёран, ба хизмати ҳарбӣ рафтааст. Хамткунандаи мактаби миёнаи рақами 46-и деҳаи Овчии ноҳияи мазкур Шерзод Отаевро рӯзи гузашта, 10-уми май, дар қатори дигар даъватшавандагон аз комиссияи тиббии ноҳиявӣ гузаронида, ба шаҳри Хуҷанд интиқол додаанд.
Падари Шерзод Салим Отаев дар суҳбати телефонӣ ба “Фараж” тасдиқ кард, ки дар ҳақиқат писараш хонандаи синфи 11 ва мутаваллиди 12-уми марти соли 2004 аст.
– Шерзод бо мо маслиҳат кард ва бо хоҳиши худаш ба Комиссариати ҳарбии ноҳия ҳозир шуд. Ӯро ягон нафар маҷбур накардааст. Ҳатто мунтазири даъватнома аз Комиссариати ҳарбӣ наистод. Мо ҳам дигар монеаш нашудем. Бигзор хизмати Ватанро анҷом диҳад, – гуфт падари сарбози оянда.
Ин дар ҳолест, ки Салим Отаев аз муносибату рафтори Комиссари комиссариати ҳарбии ноҳияи Деваштич изҳори норозигӣ кард. Ӯ мегӯяд, пас аз он ки фарзандашро рӯзи гузашта аз комиссияи тиббӣ гузарониданд, комиссар гуфтааст, ки худи фардо аз Хуҷанд сафарбаркунӣ оғоз мешавад.
– Аммо вақте ки имрӯз, 11-уми май писарамро ба Комиссариати ҳарбии вилоят ҳамроҳӣ кардам, гуфтанд, ки сафарбаркунии наваскарон рӯзи душанбеи ҳафтаи оянда, яъне 16-уми май шуруъ мешавад. Комиссари ноҳияи Деваштич маро саргардон кард. Маҷбурам то рӯзи душанбе, ҳар рӯз ба дидорбинии фарзандам, 120 км роҳро тай карда, раваму баргардам. Писари ман бо хоҳиши худаш ба аскарӣ рафтан мехоҳад. Мешуд, ки ӯро як ё ду рӯз пеш аз сафарбарсозӣ ба Хуҷанд мебурдему ман ин муддат саргардон намешудам, – бо норозигӣ изҳор дошт Салим Отаев.
Мудири маорифи ноҳияи Деваштич Ботур Расулов дар суҳбат ба “Фараж” ихтиёран ба хизмати ҳарбӣ рафтани хонандаи мактаби миёна Шерзод Отаевро тасдиқ карда, гуфт, чунин ҳолат дар макотиби миёнаи ноҳияи онҳо бори аввал нест ва қаблан низ вуҷуд доштааст ва хатмкунандагони синфи 11 ба аскарӣ мерафтаанд.
Директори МТМУ рақами 46-и деҳаи Овчӣ Муминов Хайрулло мегӯяд, синну соли шогирдаш Шерзод Отаев барои даъват ба аскарӣ мерасад ва аризаи хаттии ӯву волидайнашро низ дар даст дорад.
– Касе онҳоро маҷбур накардааст. Падару модараш ҳам розӣ буданд, ки писарашон хизмат кунад. Сатҳи зиндагии оила миёна аст. Салим Отаев деҳқон аст, ба замин сару кор дорад. Аз мактаби мо ду сол қабл ҳам ду нафар хатмкунанда хизмати ҳарбиро адо карда буданд, – гуфт мудири мактаб Х. Муминов.
Ба қавли Муминов, алҳол фармони аз мактаб хориҷ шудани Отаевро содир кардаанд ва номбурда метавонад ду сол пас омада, дар қатори хонандагони ду сол аз худаш хурд имтиҳоноти хатми мактабро супурда, шаҳодатномаи хатми синфи 11-ро бигирад.



