Дар пайи таркиши як мошин дар шаҳри Деҳлӣ, пойтахти Ҳиндустон, даҳ кас кушта ва беш аз сӣ тани дигар захмӣ гардид.
Ин ҳодиса шоми душанбе дар минтақаи сераҳолӣ, дар наздикии “Қалъаи Сурх” рух дод.
Тибқи гузоришҳо, ин таркиш ба одамон ва мошинҳои зиёде осеб расонидааст.
Мансабдорони Ҳиндустон гуфтаанд, ки таҳқиқоти худро дар мавриди ин ҳодиса оғоз карданд.
Сабабҳои ҳодиса маълум нест.
Вазири корҳои дохилии Ҳинд гуфт, онҳо дар ҳоли таҳлили ҳама фарзияҳо мебошанд.
Блоки рекламавӣ



