Аз 17 то 19 декабр дар шаҳри Деҳлии Нави Ҷумҳурии Ҳиндустон Саммити дуюми глобалии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ оид ба тибби анъанавӣ баргузор мегардад. Дар ин хусус аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ додаанд.
Саммити дуюми глобалии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ оид ба тибби анъанавӣ бо ташаббуси Созмони ҷаҳонии тандурустӣ ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ҳиндустон баргузор мегардад. Дар кори он Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода иштирок дорад.
Саммит ҳамоиши сатҳи баланд буда, дар мавзуи «Барқарор кардани тавозун: Илм ва амалия барои саломатӣ ва некуаҳволӣ» мегузарад. Он ба пешбурди нақши тибби анъанавӣ дар низомҳои тандурустӣ ва рушди фарогир бахшида шудааст.
Дар ҳамоиш иштирокдорон таҳқиқот дар соҳаи тибби анъанавӣ ва ҳамгироии он бо низомҳои тандурустӣ, васеъ намудани дониши категорияҳои гуногун дар чаҳорчӯбаи дастгирии байналмилалии тибби анъанавӣ ва амалҳои онҳо барои ҷорӣ кардани усулҳои фаъоли тибби анъанавӣ, таъмини мубодилаи таҷриба байни масъалаҳои гуногуни сиёсат ва амалия, таҳқиқот ва навоварӣ дар соҳаи тибби анъанавӣ ва дигар масъалаҳоро мавриди баррасӣ қарор медиҳанд.

Деҳлии Нав: Саммити дуюми глобалии СҶТ идома дорад
Блоки рекламавӣ


