Дар соли таҳсили 2024–2025 Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусравро 72 донишҷӯ бо дипломи аъло хатм намуданд. Ин нишондиҳанда нисбат ба соли гузашта 19 нафар зиёд мебошад. Дар ин бора Маҳмадалӣ Қурбонзода ректори Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хисрав зимни нишасти хабарӣ иттилоъ доданд.

Тавре ректори донишгоҳ Маҳмадалӣ Қурбонзода зикр намуд, алҳол 369 донишҷӯ тибқи Квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳсил мекунанд, ки 2,4 дарсади донишҷӯёни таҳсили рӯзона ва 35,9 дарсади донишҷӯёнро аз ҳисоби буҷети давлатӣ ташкил медиҳанд. Ҳамзамон, 6 донишҷӯ сазовори стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон гардиданд.

Маврид ба зикр аст, ки шумораи умумии донишҷӯён дар донишгоҳ ба 15 ҳазору 281 нафар мерасад. Аз ин шумора 6 ҳазору 748 донишҷӯ дар шуъбаи рӯзона, 8 ҳазору 534 донишҷӯ дар таҳсилоти фосилавӣ ва 190 нафар дар зинаи магистратура таҳсил менамоянд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь