Ширкати DBS Group даромади моҳонаи муҳоҷирони ҷавонро дар Русия то 120 ҳазор рубл арзёбӣ намудааст.
Хабаргузории давлатии “РИА Новости” аз қавли муаллифони таҳқиқот навишт, ки муҳоҷирони аз 18 то 35-сола бештар дар бахши хидматрасонӣ, мисли савдои чакана, дастраскунандагони ғизо ё курер ё дар тарабхонаву меҳмонхона ва нақлиёт фаъолият доранд. Даромади миёнаи онҳо вобаста ба соҳа ва соати корӣ аз 80 000 то 120 000 рубл, муодили тақрибан 1500 доллар аст.
Ба қавли муаллифони таҳқиқот, муҳоҷирони ҷавон, махсусан донишҷӯён дар баробари таҳсил, дар Русия заҳмат ҳам мекашанд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь