Идомаи ҷанҷолу моҷароҳо сари тақсими замин дар Тоҷикистони камзамин меафзояд. Фақат дар соли 2025 дар кишвар тақрибан 13500 мавриди беэътиноӣ ба қонуни замин ва ё риоят накардани он ба ҷайд гирифта шудааст.
Бештар аз ҳама дар ноҳияи Рӯдакӣ ва сипас дар Исфара ва Кӯлоб ин рақамҳо ба чашм мерасанд. Дар ин бора Ориф Хоҷазода, раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ дар нишасти хабарии солонаи ин ниҳод дар Душанбе хабар додааст. Ӯ гуфтааст, ки сарфи назар аз талошҳои мақомот заминфурӯшӣ ва қонуншиканӣ дар ин самт масъалаи доғ боқӣ мемонад:
«Дар ҳақиқат дар ҳамин шаҳрҳои калон, ноҳияҳои калон, масалан Рӯдакӣ, ки дар гирду атрофи пойтахти кишвар аст, масъала боқӣ мондааст. Роҳбарияти ноҳия ҳам чанд бор иваз карда шуд. Охирон боз раиси нави ноҳия таъйин гардид. Ҳамаи мақсаду маром ҳамин аст, ки ҷинояткорӣ нисбат ба замин аз байн бурда шаваду истифодаи самараноку оқилонаи замин таъмин карда шавад»- гуфт раис.
Барои тақсими ғайриқонунии замин раиси идораи замини шаҳри Исфара боздошт шудааст, раиси ин идора дар шаҳри Кӯлобро низ аз мақомаш гирифтаанд. Раисони ин шаҳру ноҳияҳо низ як моҳ пеш аз вазифа сабукдӯш гаштанд, ки гуфта мешуд, яке аз сабабҳояш хариду фурӯши замин аст.
Ориф Хоҷазода, раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ дар ин бора гуфт:
«Ман ба пуррагӣ он раисони шаҳру ноҳияҳое, ки аз вазифа рафтанду ба ҷояшон дигар раис таъйин шуд, фақат вобаста ба замин намешуморам, чунки инро вақту соат нишон медиҳад. Боз санҷиши иловагӣ баъд аз он расонаӣ карда мешавад. Бо сабаби амалкардҳои ғайриқонунии мақомот, беэътибор кардани қарорҳо дар бораи тақсими замин дар ҳама шаҳру ноҳияҳо бисёр шудааст”.
Ноҳияи Рӯдакӣ ва шаҳрҳои Кӯлобу Исфара аз пурҷамъияттарин воҳидҳои маъмурии Тоҷикистон ҳастанд, ки қариб 1 миллиону 300 ҳазор аҳолӣ доранд. Абдуғаффор Ҳикматуллозода раиси собиқи ноҳияи Рӯдакиро соли 2023 аз мақоми муовини аввали Додситони кулли Тоҷикистон ба раҳбарии ин ноҳия бурданд, то бо таҷрибаи кор дар мақомоти тафтишотӣ аз хариду фурӯши замин пешгирӣ кунад.
Аммо дар ду соли кори ӯ чанд зердасташ бо гумони ғайриқонунӣ додани қитъаи замин ба сокинон ва тоҷирон боздошт шуданд. Номи раиси пешини Кӯлоб Бахтиёр Назарзода низ дар пайванд ба судури қарорҳои ғайриқонунии додани замин расонаӣ шуда буд.
Дар соли 2025 беш аз 100 мавриди риоят накардани қонунгузории заминро худи дастгоҳи марказии Кумитаи давлатии замин, 5670 мавридро идораи ин ниҳод дар вилояти Хатлон ва 4807 мавридро дар Суғд ошкор кардаанд. Дар Вилояти Бадахшон ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ин омор мутаносибан 451 ва 2385 маврид будааст.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь