Кумитаи андози назди Ҳукумати Тоҷикистон корхонаҳоеро номбар кард, ки қисмати асосии буҷаи кишварро таъмин менамоянд. Теъдоди андозсупорандагон дар нимсолаи аввали соли равон дар таърихи ин ниҳод бори аввал будааст.

Нусратуллло Давлатзода, раиси Кумитаи андози Тоҷикистон, зимни нишасти матбуотӣ гуфтааст, ки фақат 40 субъекти хоҷагидорӣ вуҷуд доранд, ки тайи 2 – 3 соли охир миёни 43 то 45% қисми даромади буҷет аз ҳисоби андозҳои дохилиро таъмин мекунанд:

“Баъзан солҳое мешавад, ки яке ҷойи дигариро дар раддабандиҳо мегирад, аммо дар умум онҳо пешсафиро дар даст доранд”.  Корхонаи муштараки “Зарафшон”, Ширкати металлургии Анзоб, Корхонаи Тоҷикистону Амрико “Анзоб”, Ширкати куҳии Тоҷикистону Чин ва Шабакаи тақсимоти барқ 14% – и буҷетро таъмин месозанд.

Тибқи иттилои Кумитаи андози Тоҷикистон, дар нимсолаи якуми соли 2025 иҷрои нақшаи воридоти андозҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба андозаи 113,7% таъмин ва ба ҷои 11 миллиарду 187,4 миллион сомонӣ ба буҷети давлатӣ 12 миллиарду 715,7 миллион сомонӣ ворид шудааст, ки нисбат ба нишондиҳандаҳои пешбинишуда 1 миллиарду 528,2 миллион сомонӣ ва дар қиёс бо ҳамин давраи соли гузашта 2 миллиарду 880 миллион сомонӣ зиёд аст.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь