Ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон китоби муовини сармуҳаррири рӯзномаи «Садои мардум», номзади илмҳои сиёсӣ Далер Абдулло бо номи «Давлатмард» аз дасти чоп баромад.
Китоб аз 35 мақолаи гулчини марбут ба шахсияти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мураттаб гардида, тарғибгари сиёсати хирадмандонаю бунёдкоронаи Сарвари давлат мебошад.
Дар асар ҷанбаҳои муҳими фаъолияти Пешвои миллат, аз ҷумла ҷонфидоӣ, ташаббускорӣ, раъиятпарварӣ ва иродаи қавии сиёсӣ инъикос ёфта, матолиби он ба таҳкими ҳувияти миллӣ ва фаъол гардидани ҷомеа дар самти ҳифзи манфиатҳои миллӣ ва давлатӣ мусоидат менамояд. Китоб барои доираи васеи хонандагон, бахусус кормандони мақомоти давлатӣ, сиёсатшиносон, аҳли зиё ва ҷавонон тавсия карда мешавад.
Аз 35 мақолаи пурмуҳтаво иборат будани китоби «Давлатмард» дорои маънии рамзӣ буда, мазмуну муҳтавои онро ғанӣ гардонидааст.
Нашри ин асар дар соли таҷлили 35-солагии Истиқлоли давлатӣ, дар даврае, ки омодагиҳо ба ин ҷашни таърихӣ бо шукуҳу шаҳомати хос идома доранд, ҳамчун рӯйдоди муҳими фарҳангӣ арзёбӣ гардида, дар шинохти амиқтари шахсияти Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саҳми арзанда мегузорад.

«Давлатмард». Китоби нави Далер Абдулло
Блоки рекламавӣ


