Имрӯз зимни сафари корӣ раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар ҷамоати деҳоти Меҳнатободи ноҳияи Кӯшониён ногаҳон ба хонаи шаҳрванде ворид шуд, ки ду маъюб дар он ҷо зиндагӣ мекунанд.

Раиси вилоят аз вазъи зиндагии онҳо огоҳ гардида, як миқдор маблағи пулӣ ба онҳо кӯмак расонд. Ғайр аз ин, супориш дода шуд, ки модар ба ҷойи кор таъмин гардад ва хонааш таъмир шавад.
Инчунин, аз ҷониби раиси ҲХДТ дар вилояти Хатлон иқдом гирифта шуд, ки ба ҳарду маъюб кӯмакпулии ҳармоҳа ба миқдори 500 сомонӣ (ҷамъ дар як моҳ 1000 сомонӣ) дода мешавад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь