Имрӯз, 31 март, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид зимни сафари корӣ ба ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ бинои иловагии таълимиро дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 22 мавриди истифода қарор дод.
Бинои нави таълимӣ дар деҳаи Зафаробод, ҷамоати деҳоти Хуррамдиёр ҷойгир буда, барои 364 хонанда дар ду баст пешбинӣ гардидааст. Иншооти мазкур аз ду ошёна иборат буда, дар асоси лоиҳа 7 синфхона, утоқи омӯзгорон ва утоқи кории директори муассисаро дар бар мегирад.
Зикр гардид, ки бинои пешинаи муассиса дар ҳолати садамавӣ қарор дошта, зарурати бунёди бинои нави замонавӣ ба миён омада буд. Бо дастгирии Бунёди миллии иҷтимоии маблағгузории Тоҷикистон сохтмони иншоот соли 2025 оғоз гардида, бо сифати баланд ба анҷом расонида шуд. Барои бунёди бино дар маҷмӯъ 2 миллиону 800 ҳазор сомонӣ масраф гардида, дар ҷараёни корҳои сохтмонӣ 16 нафар мутахассисони соҳа бо ҷойи кор таъмин гардиданд.

Давлаталӣ Саид дар ноҳияи Ҷомӣ
Блоки рекламавӣ


