Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ба ноҳияи Ҷайҳун ва Панҷ сафари корӣ анҷом дода, бо рафти корҳои кишоварзӣ, бунёди иншооти ҷашнӣ шинос шуд.
Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид зимни сафари кории худ ба ноҳияи Ҷайҳун аз фаъолияти хоҷагии деҳқонии «Ҳисор-2016», воқеъ дар деҳоти Панҷ боздид намуд. Зимни боздид, роҳбари вилоят бо раванди самаранок истифода бурдани замин ва нашъунамои пиёзи барвақтӣ шинос гардид.
Дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Ҷайҳун аз рафти корҳои сохтмонии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ барои 1280 нафар хонанда дар ду баст, ки аз ҷониби ҶДММ ИА «Водии Заррин» бунёд гардида истодааст, шинос шуд.
Ҳамзамон раиси вилояти Хатлон дар доираи сафари кории худ ба ноҳияи Панҷ аз самаранок истифодабарии замин ва нашъунамои картошка ва пиёзи барвақтӣ дар хоҷагии деҳқонии «Фурқат», воқеъ дар деҳоти Озодагон дидор кард.
Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар доираи сафари кории худ ба ноҳияи Панҷ аз рафти корҳои сохтмони муассисаи томактабӣ барои 200 нафар кӯдак, воқеъ дар деҳаи Пахтакор, деҳоти ба номи Сайфутдинов Кабут боздид намуд.

Давлаталӣ Саид дар ноҳияи Ҷайҳун ва Панҷ
Блоки рекламавӣ


