Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид имрӯз ба ноҳияи Кӯшониён сафари корӣ анҷом дода, аз рафти корҳои сохтмони иншоотҳои ҷашнӣ, нашъунамои зироати кишоварзӣ, ифттоҳи майдончаи варзишӣ ва дигар иншоот иштирок карда бо сарбозон сӯҳбат намуд.
Имрӯз раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид зимни сафари корӣ ба ноҳияи Кӯшониён дар маъракаи ниҳолшинонӣ иштирок намуд. Вай ҳамзамон аз шароити будубоши сарбозону афсарони қисми низомии №07017 хабар гирифт.
Зимни сафари корӣ ба ноҳияи Кӯшониён аз ҷараёни самаранок истифодабарии замин ва нашъунамои сабзии барвақтӣ дар хоҷагии деҳқонии «Бегиҷон», воқеъ дар деҳаи Элт, боздид намуд.
Дар идома раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид зимни сафари корӣ ба ноҳияи Кӯшониён майдончаи варзиширо дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №12, воқеъ дар деҳаи Ҳофизи Шерозӣ, мавриди истифода қарор дод.
Тавре иттилоъ дода шуд, майдончаи варзишӣ барои бозии футбол дар деҳаи Ҳофизи Шерозии ҷамоати деҳоти Меҳнатобод бо саҳми сокинони деҳаҳои Ҳофизи Шерозӣ, инчунин шахсони саховатпеша, бо маблағи 312 ҳазор сомонӣ бунёд гардидааст. Иншоот дар ҳудуди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №12 сохта шуда, барои рушди варзиш миёни хонандагон ва ҷавонон шароити мусоид фароҳам меорад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь