Имрӯз, 7 март, дар бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон раиси вилоят Давлаталӣ Саид бонувони фаъолро ба ифтихори Рӯзи Модар самимона табрик гуфта, ба онҳо рӯзгори ободу осуда, бахту иқболи нек ва дар фаъолияти пуршарафатон комёбиҳои тоза орзу намуд.
Зикр гардид, ки Рӯзи Модар дар Тоҷикистони соҳибистиқлол яке аз ҷашнҳои пурифтихор маҳсуб меёбад. Дар ин рӯз, пеш аз ҳама, бузургии Зан-Модар, мақому манзалати ӯ дар ҷомеа, нақши созандаи ӯ дар тарбияи насли наврас ва саҳми арзандааш дар рушду пешрафти давлату миллат арҷгузорӣ карда мешавад. Ин сана таҷассумгари эҳтироми амиқи давлат ва ҷомеа нисбат ба Зан-Модар мебошад.
– Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониҳои худ борҳо таъкид намудаанд, ки: «Мақому манзалати Зан-Модар дар ҷомеа ниҳоят баланд буда, рушди давлат ва ояндаи миллат ба сатҳи маърифат, ҷаҳонбинӣ ва масъулиятшиносии ӯ вобаста аст». Аз ин рӯ, давлат ва Ҳукумати мамлакат масъалаи баланд бардоштани мақоми занонро яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоӣ меҳисобанд, – афзуд раиси вилоят.
Таъкид гардид, ки дар вилояти Хатлон ба масъалаҳои дастгирии занон, фароҳам овардани шароити мусоиди фаъолият, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқиву сиёсӣ ва ҷалби онҳо ба идоракунии давлатӣ ва ҳаёти ҷамъиятӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир мегардад. Имрӯз ҳазорон нафар занони соҳибтаҷриба дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, сохторҳои маҳаллӣ, муассисаҳои таълимӣ, тандурустӣ, фарҳанг ва дигар соҳаҳо фаъолият намуда, бо меҳнати софдилона ва масъулиятшиносӣ дар рушди вилоят саҳми назаррас мегузоранд.
Дар анҷом раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ба занону бонувони фаъол сипоснома ва туҳфаҳо тақдим намуданд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь